License Agreement (tg).txt

(30 KB) Pobierz
Шартномаи муҷаввизи Navitel Navigator

Муштарии мӯҳтарам

Лутфан ин Шартномаи муҷаввизи корбарро (Пешниҳоди умумӣ) хонед.

ШАРТНОМАИ МУҶАВВИЗ БО КОРБАРИ ДАСТГОҲИ НАВИГАТСИОНИИ “NAVITEL NAVIGATOR”

Шартномаи муҷаввизи мазкур шартномаи ҳуқуқиест, ки байни Шумо (шахси воқеӣ ё ниҳоди ҳуқуқӣ), минбаъд ҳамчун “Корбар” ном бурда мешавад ва Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии “Маркази технологияҳои навигатсионӣ”, (минбаъд ҳамчун “NAVITEL” ном бурда мешавад) дар бобати истифодаи маҳсулоти нармафзори Дастгоҳи навигатсионии “Navitel Navigator” (минбаъд ҳамчун “Маҳсулоти нармафзор” ном бурда мешавад) баста мешавад. Маҳсулоти нармафзор аз нармафзори компютерии барномаи нақшакашии навигатсионӣ (минбаъд ҳамчун “Дастгоҳи навигатсионӣ” ном бурда мешавад), нақшаи рақамӣ (минбаъд ҳамчун “Маҳсулоти рақамӣ” ном бурда мешавад) ва маводи замимашуда дар шакли чопӣ ё рақамӣ иборат аст. Маҳсулоти рақамиро метавон (i) ҳамроҳ бо Дастгоҳи навигатсионӣ ҳамчун як қисми маҳсулоти нармафзор ё (ii) ҳамчун ҷузъи алоҳида, ки он ҳамроҳ бо маҳсулоти нармафзори қаблан ба дастоварда ба кор бурда мешавад, дарёфт кард.

Шартномаи муҷаввизи мазкур ҳамаи таҷдидҳо, иловаҳо, ҷузъҳои иловагӣ ва ҷузъҳои маҳсулоти нармафзорро дарбар мегирад, ки кафолати кори онро медиҳад. NAVITEL соҳиби ҳамаи ҳуқуқҳои марбут ба Маҳсулоти нармафзор бо шартҳои зерин мебошад: ҳуқуқҳои истисноии муаллифон ба пойгоҳҳои нақшакашӣ мансуби соҳибони онҳост, ки бо риояи аломатҳои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар ҳар нусхаи Маҳсулоти нармафзор ҷой дода шудааст. Барои дарёфти рӯйхати пурраи соҳибони ҳуқуқ лутфан ба моддаи ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ муроҷиат кунед.

NAVITEL соҳиби ягонаи ҳуқуқи паҳн кардани Маҳсулоти нармафзор мебошад.
Маҳсулоти нармафзор ба таври куллӣ ва ҳамаи ҷузъҳои он ба таври алоҳида (аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба маводи нақшакашӣ, пойгоҳҳои додаҳо, аксҳои графикӣ, видео, сабтҳои овозӣ, матнҳо ва барномаҳои иловагӣ) дорои ҳаққи муаллиф буда, дар зери ҳимояти қонунгузориҳои Русия ва байналмилалӣ қарор дорад. Ҳангоми насбкунӣ, нусхабардорӣ, боргирӣ, истифодабарӣ дар ҷойҳои дигар ва дастрасӣ ба Маҳсулоти нармафзор Шумо, ҳамин тавр, бо шартҳои Шартномаи муҷаввизи мазкур розӣ мешавед. Ин Шартномаи муҷаввиз билофосила пас аз тасдиқи ризоияти Шумо бо он эътибор пайдо мекунад. Ин Шартномаи муҷаввиз дар тамоми муддати кори Маҳсулоти нармафзор эътибор дорад. Агар Шумо бо яке аз шартҳои Шартномаи муҷаввизи мазкур розӣ набошед, Маҳсулоти нармафзорро насб ва истифода накунед.

ШАРТНОМАИ МУҶАВВИЗ БО КОРБАР (ПЕШНИҲОДИ УМУМӢ)

Маҳсулоти нармафзор (бо шумули маводи чопӣ) мувофиқи шартҳо ва шароитҳои Шартномаи муҷаввиз ба Шумо интиқол дода шудаанд, вале БА ШУМО ФУРӮХТА НАШУДААНД.

1. МАВЗӮИ ШАРТНОМА
1.1. NAVITEL ба Шумо муҷаввизи ғайриистисноии одӣ, яъне ҳаққи истифодаи Маҳсулоти нармафзорро танҳо ба тартиб ва бо шартҳое медиҳад, ки дар зер оварда шудаанд (минбаъд ҳамчун “Муҷаввиз” ном бурда мешавад).
1.2. Ҳамаи шартҳои дар зер пешбинишуда ба Маҳсулоти нармафзор ба таври умумӣ, ҳамчунин ба ҳар як ҷузъи он дар алоҳидагӣ марбут аст.

2. МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ
2.1. Ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ба Маҳсулоти нармафзор (аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба ҳуқуқ ба ҳама гуна пойгоҳҳои додаҳо, аксҳои графикӣ, аксҳо, видео, сабтҳои овозӣ ва барномаҳои иловагӣ, ҳамчунин дигар чизҳои моликияти зеҳнӣ, ки дар Маҳсулоти нармафзор мавҷуданд), маводҳои замимашуда дар шакли чопӣ ё рақамӣ ва ҳама гуна нусхаҳои Маҳсулоти нармафзор ба NAVITEL ва шарикони он мансуб мебошанд. Ҳамаи ҳуқуқҳои моликият ва ҳуқуқҳои муаллиф ба пойгоҳҳои додаҳо ва мӯҳтавои дигар, ки дастрасӣ ба онҳо тавассути маҳсулоти нармафзор фароҳам мегардад, ба соҳибони ҳуқуқҳои моликият ва ҳуқуқҳои муаллиф ба ин пойгоҳҳои додаҳо ва мӯҳтавои он мансуб буда, аз ҷониби қонунҳо ва санадҳои дохилии дигари Федератсияи Русия, инчунин асноди қонунгузории байналмилалӣ, ки дар соҳаи моликияти зеҳнӣ иҷро мегарданд, муҳофизат карда мешаванд. Шартномаи мазкур ба Шумо ҳеҷ гуна дастрасиро ба мӯҳтавои маҳсулоти нармафзор намедиҳад.
2.2. Ба корбар муҷаввизи ғайриистиноии одӣ барои истифода бо мақсадҳои ғайритиҷоратии хусусӣ дар ҳолатҳои номбаршудаи зайл дода мешавад, ки тавассути маҷмӯи шартҳои зерин фароҳам мегарданд.
2.3. NAVITEL ба ҷуз ҳуқуқҳое, ки мустақиман дар зер оварда шудаанд, ҳеҷ гуна ҳуқуқи дигар намедиҳад.

3. ШАРТҲОИ ИСТИФОДАБАРӢ
3.1. Маҳсулоти нармафзор ҳамчун ҷузъи компютер ё ҳамроҳ бо компютер, ки дар он қаблан насб карда шудааст, фурӯхта мешавад. Агар корбар маҳсулоти нармафзорро ҳамчун ҷузъи компютер ё ҳамроҳ бо компютер ба даст орад, ба Маҳсулоти нармафзор ҳамчун ба маҳсулоти воҳиди бо компютер якшуда муҷаввиз дода мешавад ва танҳо бо компютер, ки ҷузъи маҷмӯи он ба ҳисоб меравад ё ҳамроҳ дар маҷмӯи он интиқол ёфтааст, метавонад истифода шавад.
Корбар ҳамеша метавонад ҳуқуқи тавассути ин Шартнома ба ӯ додашударо ба каси дигар интиқол диҳад, аммо танҳо дар ҳолати фурӯш ва интиқоли ҳамзамону бебозгашти компютер ва бо шарте, ки ҳеҷ ҷузъ ё нусхаи Маҳсулоти нармафзор дар ихтиёри корбар боқӣ намемонад ва шахси қабулкунандаи Маҳсулоти нармафзор риояи шарту шароитҳои Шартномаи мазкурро ба ӯҳда мегирад.
3.2. Агар Маҳсулоти нармафзор дар компютер қаблан насб карда нашуда бошад ва ё ба маҷмӯи компютер ҳамроҳ нашуда бошад ҳам қобили фурӯш аст. Агар корбар Маҳсулоти нармафзорро ҷудо аз компютер ба даст орад, корбар ҳақ дорад ҳуқуқи тавассути Шартномаи мазкур ба ӯ додашуда, ҷузъҳо ва нусхаҳои маҳсулоти нармафзорро ба шахси дигар интиқол диҳад, бо шарте, ки ҳеҷ ҷузъ ё нусхаи маҳсулоти нармафзор бо худи ӯ боқӣ намемонад ва шахси қабулкунандаи Маҳсулоти нармафзор риояи шартҳо ва шароитҳои Шартномаи мазкурро ба ӯҳда мегирад.
3.3. Вусъати муҷаввиз. Шартномаи мазкур ба Корбар ҳуқуқ медиҳад, ки Маҳсулоти нармафзорро дар шакли коди мақсад бо роҳи сабти он дар ҳофизаи дастрасии тасодуфии компютер бо мақсади иҷрои мустақими дастурҳои Маҳсулоти нармафзор бо просессори марказии компютер нусхабардорӣ кунад. Ба корбар иҷозат дода намешавад, ки Маҳсулоти нармафзорро дар бештар аз як компютер истифода ё захира кунад (чи дар шакли насбшуда ё насбнашуда).
3.4. Иҷозат ба истифодаи Маҳсулоти рақамӣ, ки дар дохили маҳсулоти нармафзор мавҷуд аст, танҳо ва бидуни истисно бо истифодаи Дастгоҳи навигатсионӣ, ки дар дохили Маҳсулоти нармафзор ҷой гирифтааст, дода мешавад. Маҳсулоти рақамии ҳамчун воҳиди алоҳида ба даст овардашуда метавонад танҳо дар дохили як маҳсулоти нармафзор кор кунад (яъне ба як муҷаввизи маҳсулоти нармафзор “муносиб” карда шавад).
3.5. Корбар ҳақ дорад барои маслиҳат оид ба барқароркунии нусхаи гумшуда ё зарардидаи Маҳсулоти нармафзор ба хадамоти кӯмаки фаннии NAVITEL дархост фиристад. Корбар ҳамин тавр муваззаф аст, ки барои истифодаи қонунии нусхаи Маҳсулоти нармафзор далел оварда тавонад.
3.6. Расонидан бо ду намуди додарасон. Дар сурате, ки Маҳсулоти нармафзор тавассути ду ё бештар додарасон расонида шавад, корбар ҳақ дорад, танҳо як маҷмӯъи аз ҳама бештар ба худаш муносибро истифода кунад. Ҳамаи додарасонҳои дар як нусхаи Маҳсулоти нармафзор ҷойгирифта дорои ҳамон як нусхаи Маҳсулоти нармафзор маҳсуб мешаванд ва корбар метавонад онро танҳо дар як компютер истифода кунад.
3.7. Корбар иҷозат дорад, ки танҳо 1 (як) нусхаи Маҳсулоти нармафзорро созад, ки он бидуни истисно бо мақсади захирасозӣ истифода хоҳад шуд.
3.8. Корбар муваззаф аст, ки худаш амалеро аз феҳрасти зер анҷом надиҳад ва ба шахси воқеъӣ ё ҳуқуқии дигар низ иҷозаи ин амалҳоро надиҳад:
- истифодаи Маҳсулоти нармафзор бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи мустақим;
- иҷора додан ва ё барои истифодаи муваққат додани Маҳсулоти нармафзор;
- истифодаи Маҳсулоти нармафзор барои иҷрои хадамоти шабакавӣ, аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба пахши тиҷоратӣ ва ё ғайритиҷоратӣ дар торнамоҳои интернетӣ;
- фароҳам овардани шароити муносиби истифода аз Маҳсулоти нармафзор ба нафароне, ки ҳаққи шахсии истифода аз онро надоранд (аз ҷумла, онҳое, ки дар як шабака ва ё низоми чандкорбар бо шумо кор мекунанд), ихтисос додани муҷаввизи Маҳсулоти нармафзор;
- паҳн (нашр) кардани қисматҳо ва ё ҷузъҳои Маҳсулоти нармафзор, аз ҷумла, аммо на маҳдуд ба фароҳам овардани шароити нусхабардорӣ барои ҷониби сеюм;
- талоши поксозии маҳдудиятҳои фаннӣ аз Маҳсулоти нармафзор;
- дастрасии мустақим ба пойгоҳи додаҳои Маҳсулоти Рақамӣ, пайгирии сохтор ва формати захирасозии Маҳсулоти Рақамӣ, тағйири сохтори захирасозии Маҳсулоти рақамӣ, навсозии пойгоҳи додаҳои Маҳсулоти нармафзор, навсозӣ (баргардон) ва мутобиқсозии Маҳсулоти нармафзор, қисматсозӣ ва баҳамзании барнома (баргардони коди мақсад ба матни аввалия), пойгоҳҳои додаҳо ва ҷузъҳои дигари Маҳсулоти нармафзор;
- тағйири коди мақсади барнома ё пойгоҳи додаҳо ба истиснои онҳое, ки тавассути воситаҳои дар маҷмӯи Маҳсулоти нармафзор ҷойгиршуда анҷом гирифтаанд ва дар маводи замимашуда тавсиф ёфтаанд;
- интиқоли ҳаққи истифодаи Маҳсулоти нармафзор ба ҷониби сеюм ба истиснои мавридҳои зикршуда дар бандҳои 3.1. ва 3.2-и Шартномаи муҷаввизи мазкур бо риояи талаботе, ки дар бандҳои дар боло муайян шудаанд;
- дар мавриди Маҳсулоти нармафзор вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия, инчунин қонунҳои байналмилалии марбут ба ҳимояи қонунии нармафзорҳои компютерӣ ва пойгоҳи додаҳо.
- истифодаи Маҳсулоти Рақамӣ бо ҳама гуна барнома ва нармафзорҳо ба ғайр аз Дастгоҳи Навигатсионӣ.
3.9. Агар корбар яке аз амалҳои дар банди 3.8. зикршударо анҷом диҳад, NAVITEL ҳаққи қатъи Шартномаи муҷаввизи корбарро ба таври якҷониба, дар вақти дилхоҳ ва бидуни огоҳӣ ҳифз мекунад.
3.10. Корбар бояд барои ҳамаи хатарҳои истифодаи Маҳсулоти нармафзор масъулияти комил ҳис намуда, онҳоро қабул кунад.
3.11. Фаъолсозии Калиди Муҷаввизи Маҳсулоти нармафзор василаи қонунии ризоияти Корбар барои истифодаи мунсифонаи Маҳсулоти нармафзор мебошад.
3.12. Қатъи фаъолияти Калиди Муҷаввиз ба нусхаи Маҳсулоти нармафзор на бештар аз як бор (бо ҳар сабаб) иҷозат дода мешавад. Агар нусхаи Маҳсулоти Рақамӣ ҳамчун воҳиди алоҳида ба даст оварда шуда бошад, қатъи фаъолияти Калиди ...
Zgłoś jeśli naruszono regulamin